Ҳамкории «Помирэнерҷӣ» бо «Ҳидро Ду»
Хоруғ, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Бо ибтикори мутахассисони ширкати «Помирэнерҷи» ва ҳамтоёнашон аз кишвари Чин неругоҳи хурди барқии ноҳияи Ишкошим таъмиру таҷдид гардида, ба низоми ягонаи барқтаъминкунии вилоят пайваст шуд.
Ин усул ба хотири он роҳандозӣ мешавад, ки аксарияти неругоҳҳои хурди барқӣ дар навоҳии вилоят ба иллати куҳна шудани таҷҳизоти техникӣ иқтидори барқтавлидкунии худро аз даст додаанд. Барои таъмири пайвастаи неругоҳҳо маблағи зиёд масраф гардида, фоидаашон сол аз сол коҳиш меёбад. Аммо баъди васли ҳисобкунакҳои электронӣ, таҷдиди интиқоли хатти барқ, ҷорӣ намудани низоми автоматикии назорат ва баҳисобгирии барқ ба ширкати мазкур имкон дод, ки ҳангоми интиқоли барқ ба навоҳии дурафтода талафоти техникӣ ва тиҷоратиро ба маротиб кам гардонад. Пайваст кардани неругоҳи Намадгут ба низоми ягонаи барқии вилоят таҷрибаи нахустини ширкати мазкур аст ва он идома хоҳад ёфт.
Таҷҳизотро барои анҷом додани чунин кори мураккаб ширкати «Хидро Ду», мутааллиқ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас намуд. Мутахассисони ширкати «Помирэнерҷӣ» ва муҳандисон аз кишвари Чин дар давоми се ҳафта таҷҳизотро комилан васл намуданд. Имтиҳони тестӣ, ки аз 72 соат иборат буд, бо муваффақият паси сар шуд. Реҷаи коҳиш ва афзоиши шиддат нишон дод, ки дастгоҳҳои неругоҳ устувор ва муътадил фаъолият мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






