Ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ дар Душанбе
Душанбе, 01.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- 40 ширкати саноатию тиҷоратӣ дар дуюмин намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ ва тиҷоратии «Тоҷикистон, Баҳор 2014», ки муддати се рӯз -аз 3 то 5 апрел дар «Кохи Борбад»-и Душанбе баргузор мегардад, иштирок менамоянд.
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ин чорабинии муҳими хусусияти иқтисодидошта аст. Ҳадаф аз ташкили ин намоишгоҳ тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, муаррифии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкату корхонаҳои ватанист. Интизор меравад, ки дар доираи баргузории намоишгоҳ ҳамоиши тиҷоратӣ бо иштироки доираҳои соҳибкорӣ аз кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Чин, Фаронса ва Олмон доир гардида, масъалаҳои марбут ба тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ матраҳ хоҳанд гардид.14.49.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






