Ҳимояи Ватан шараф аст!

Апрель 19, 2014 13:00

Панҷакент, 19.2014. (АМИТ «Ховар», Гулбаҳори Худойбердӣ).- Ба иттилои Вазорати мудофиаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 апрели соли равон дар тамоми комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷараён дорад. 
     Гусели тантанавии наваскарон дар комиссариати  ҳарбии шаҳри Панҷакент низ оғоз гардид.  Дар он намояндаҳои мақомоти иҷроияи шаҳр, собиқадорони ҷангу меҳнат, волидон 77 наваскарро ба хизмати Ватан — Модар гусел намуданд.
     Зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент полковник Мўҳсин Қурбонқулов гуфт, ки: «Дар мавсими навбатӣ мо тасмим гирифтем, ки 106 нафар ҷавонро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар намоем. Имрўзҳо бархе аз даъватшавандагон аз хизмати аскарӣ саркашӣ менамоянд, вале, хушбахтона, нафароне низ ҳастанд, ки бо хоҳиши худ ариза навишта, мехоҳанд дар сафҳои артиши мамлакат хизмат намоянд». 

Апрель 19, 2014 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд