Ҳисор: Истиқболи хуш аз сурудҳои Ҷ. Муродов

Апрель 29, 2014 15:19

Ҳисор, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Дар шаҳраки Ҳисор консерти Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ устод Ҷӯрабек Муродов баргузор гардид. Ҳар як суруди дилнишини Ҷӯрабек Муродов аз ҷониби мухлисон бо кафкӯбиҳои зиёд истиқбол гирифта шуд. Маҳорати волои санъаткорӣ ва барномаи бойи устод Ҷӯрабек Муродов табъи мухлисонро хуш гардонид.
Тавре ки аз Вазорати фарҳанг иттилоъ доданд, силсилаи барномаҳои Ҷӯрабек Муродов дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон идома меёбад. 

Апрель 29, 2014 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш