Ҷаласаи 10-уми ИБ СҲШ
Душанбе, 16.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Рӯзҳои 17-18-уми апрел 10-умин ҷаласаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай (ИБ СҲШ) бо ибтикори Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамчун Бонки раисикунанда дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар он масъалаҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Хотиррасон мекунем, ки 15-уми апрел иштирокчиёни ҷаласаи Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар ин ҷаласа масъалаҳои молиявӣ, фаъолияти бонкҳои узви ин созмон, ҳамкориҳои мутақобилаи бонкҳо дар самтҳои мухталифи бонкдорӣ, механизми иҷрои лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки давлатҳои узви ин созмон тарҳрезӣ ва дар амал татбиқ менамоянд, баррасӣ мегарданд. БДА ҶТ «Амонатбонк» аз соли 2008 ҳамчун узви Иттиҳоди Байнибонкии СҲШ қабул гардида дар ҳамаи ҷаласаҳои ИБ СҲШ иштирок менамояд.Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти «Амонатбонк», аз таърихи 26 октябри соли сипаришуда Амонатбонк ҳамчун Бонки раисикунандаи ИБ СҲШ барои солҳои 2013 ва 2014 интихоб гардид. Ҷаласаи навбатӣ рӯзҳои 17-18-уми апрел дар меҳмонхонаи «Серена»-и Душанбе бо ибтикори «Амонатбонк» баргузор мегардад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






