Ҷаласаи вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои СҲШ дар Қайроққум
Душанбе, 02.04.2014. (АМИТ «Ховар, Абдуаҳад Шарифзода). — 1 апрел дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа, ки таҳти раёсати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо доир шуд, вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои СҲШ, аз ҷумла, вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу, Чин – Чан Вантсюан, Қазоқистон — Одилбек Ҷоқсибеков, Қирғизистон – Таалайбек Омуралиев ширкат доштанд. Ҷониби Ӯзбекистонро дар ин чорабинӣ муовини аввали вазири мудофиа Баҳодур Тошматов намояндагӣ мекард.
Тавре ки аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, яке аз мавзӯъҳои асосӣ иборат аз муҳокимаи рушди ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии кишварҳои аъзои СҲШ, соли ҷории 2014 дар Чин роҳандозӣ намудани машқҳои муштараки зиддитеррористии қӯшунҳо буд. Дар ҷаласа ҳамчунин дар мавриди дастгирии вазъияти бехатару суботи минтақаи АвруОсиё мубодилаи афкор баргузор гардид.
Ҳамчунин масоили марбут ба вазъияти ҳозираи Сурияю Украина ва дурнамои амният ва таъмини сулҳу суботи Афғонистон дар робита бо баровардани қувваҳои эътилофи зиддитеррористии НАТО аз ин кишвар муҳокима шуданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни ҷаласа изҳор доштанд, ки барои муқовимат ба паҳншавии терроризм, ифротталабӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар ҳошияи созмони мазкур ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






