Ҷамъбасти семоҳаи фаъолият дар Агентии маводи нашъаовар

Апрель 14, 2014 15:46

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 12 апрели соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти се моҳи соли 2014 бо ширкати директори агентӣ Рустам Назаров доир гардид.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хидматӣ, назорати муомилоти маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, пешгирии нашъамандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ агентӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ корҳои муайянеро анҷом дод.
Ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои дастгоҳи марказии агентӣ ва раёсатҳои минтақавии он дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ шунида шуд.
Як силсила камбудиҳои ҷойдошта дар ташкили кори фаврӣ нисбат ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар таҳлил ва муҳикима шуда, барои бартараф намудани онҳо, инчунин баҳри иҷрои чорабиниҳои  нақшавӣ вазифаҳои мушаххас дода шуданд.
 
 

Апрель 14, 2014 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад