Ҷамъбасти семоҳаи фаъолият дар Агентии маводи нашъаовар
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 12 апрели соли ҷорӣ дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти се моҳи соли 2014 бо ширкати директори агентӣ Рустам Назаров доир гардид.
Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти фаврӣ-хидматӣ, назорати муомилоти маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, пешгирии нашъамандӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ агентӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ корҳои муайянеро анҷом дод.
Ҳисоботи роҳбарони воҳидҳои дастгоҳи марказии агентӣ ва раёсатҳои минтақавии он дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ВМКБ шунида шуд.
Як силсила камбудиҳои ҷойдошта дар ташкили кори фаврӣ нисбат ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар таҳлил ва муҳикима шуда, барои бартараф намудани онҳо, инчунин баҳри иҷрои чорабиниҳои нақшавӣ вазифаҳои мушаххас дода шуданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






