Ҷавонон-имрўз ва фардои Тоҷикистон
Душанбе, 29.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- 22- юми майи соли 1998 бо қарори Маҷлиси Олии кишвар 23-юми май «Рўзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон гардид ва шуруъ аз ҳамин замон ҳамасола бахшида ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари кишвар чорабиниҳои мухталиф доир мегарданд.
Соли равон низ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурӣ нақшаи чорабиниҳоро таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари ҷавонон» таҳия намуд, ки тибқи он аз 10 -ум то 23-юми май дар марказ ва саросари ҷумҳурӣ чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ, фароғативу маърифатӣ, оммавию варзишӣ доир мегарданд. Мизи гирди телевизионӣ зери унвони «Ҷавонон-имрўз ва фардои Тоҷикистон», озмуни мусаввирони ҷавон «Тоҷикистон-кишвари азизам», озмуни ҷумҳуриявии телевизионӣ миёни ҷавонон «Набзи шеър» бахшида ба бузургдошти А. Ҷомӣ (14 май), Фестивали сурудҳои ҳарбӣ-ватандўстонаи «Суруди сарбоз» (20 май дар МФК Кохи Ҷомӣ), марҳилаи ниҳоии «Маҳфили зарифон Маҳзар» (16 май МФК Кохи Ҷомӣ), конфронси олимони ҷавон бо ширкати ҷавонони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (22 май дар китобхонаи миллӣ), ҷамъбасти ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи адабиёт, рўзноманигорӣ, санъат ва меъморӣ, озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон кишвари туризм» (23 май), ҷамъбасти барнома-озмуни телевизионии «Истеъдод», иқдоми ҷавонон таҳти унвони «Рушди туризми ҷомеасоз ва саёҳати пиёдагардӣ», «Пайроҳаи саломатӣ» (21 май), намоиши маводи тарғиботиву ташвиқотии туристӣ ва армуғонҳо барои сайёҳону меҳмонони кишвар (20 май дар МФК Кохи Ҷомӣ), ҳамчунин «Дави миллӣ» (18 май) ва мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ, ҳашару шанбегиҳо, ҷамъомадҳои тантанавӣ ва силсилаи дидору мулоқотҳо бо муҳассилини макотиби таҳсилоти миёнаву олӣ, сарбозону афсарони қисмҳои низомӣ ва дигар табақаҳои насли ҷавону қадрдонии беҳтаринҳо аз ин насл аз ҷумлаи чорабиниҳоеанд, ки дар назар аст дар давоми моҳи май дар робита ба ин сана доир шаванд.








ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд






