«Ҷек” ҳашиш дарёфт кард
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ҳафтаи сипаришуда кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилоятҳои Бадахшон ва Суғд ду ҷиноятро вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ошкор намуда, 15 кг маводи нашъаовар мусодира намуданд.
Дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони шуъбаи дар Ишкошим будаи раёсати агентӣ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Ишкошим”-и Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ ва шуъбаи ноҳиявии КДАМ ҶТ дар ноҳияи Ишкошим бо истифодаи саги хизматӣ бо лақаби “Ҷек” маводи нашъаовари ҳашиш мусодира намуданд.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони раёсати агентӣ дар вилояти Суғд рӯзи 12 апрел дар қасабаи 18-уми шаҳри Хуҷанд дар ҳаҷми калон ҳашиш мусодира намуданд.
Аз рӯи ҳар ду ҳодиса парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш давом дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






