15 апрел- зодрӯзи устод Садриддин Айнӣ

Апрель 15, 2014 15:06

Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).- Имрӯз ба зодрӯзи асосгузори адабиёти навини тоҷик, устод Садриддин Айнӣ 136 сол пур мешавад. Устод Садриддин Айнӣ бо осори гаронбаҳои хеш дар ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон  нақши муассир гузошт. Ӯ бо муборизаҳои ҷонфидоёна ва қалами буррояш ба ақидаҳои душманони давлату миллат зарбаи ҷонкоҳ зад. Гузашта аз ин ӯ дар нашри осори ниёгон, тарбияи адибони ҷавон, таъсиси Иттиҳодияи нависандагон ва Академияи улум ҳиссаи арзанда дошт. 
Устод Садриддин Айнӣ барҳақ Қаҳрамони Тоҷикистон ва устоди кулли адибону насли навини тоҷик аст. Имрӯз дар аксар макотиби ҷумҳурӣ бахшида ба зодрӯзи устод конфронсҳои илмӣ-адабӣ  баргузор гардиданд.

Апрель 15, 2014 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд