2014 -«Соли бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ»
Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар 20 май соли 2014-ро “Соли бузургдошти Мавлоно Ҷомӣ” эълон кард. Бо назардошти ин, мутобиқи нақшаи чорабиниҳо дар қаламрави кишвар баргузории як силсила чорабиниҳои фарҳангӣ дар назар аст.
Аз ҷумла, соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии илмӣ бо иштироки доираи васеи донишмандону ховаршиносони дунё бахшида ба 600- солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор мегардад.
Ёдовар мешавем, ки созмони бонуфузи ЮНЕСКО пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи баргузор намудани ҷашни 600 — солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар соли 2014 пазируфт ва қарори дахлдор қабул кард.
Инчунин мутобиқи нақшаи чорабиниҳои мазкур ҷиҳати густариши истифодаву корбурди забони тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет ва дастгирии «Википедияи тоҷикӣ» сомонаи махсуси Энсиклопедияи миллии тоҷикӣ таъсис дода мешавад. Дар баробари ин, масъулини соҳа муваззаф шудаанд, ки аз шабакаи интернет барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кардани асарҳои саромадони адабиёти гузашта ва муосири Тоҷикистон васеъ ва мақсаднок истифода кунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






