25 апрел-Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо вараҷа
Хоруғ, 25.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- 25 апрел дар саросари ҷаҳон чун Рӯзи мубориза бар зидди бемории вараҷа унвон шудааст. Ба ин муносибат дар маркази вилоятии мубориза бо бемории вараҷаи шаҳри Хоруғ, ки ҳоло бо кумаки мақомоти давлатии ҷумҳурӣ ва Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ дорои пойгоҳи мустаҳками моддию техникӣ мебошад, нишасти хабарӣ баргузор шуд.
Директори маркази мазкур Мӯъминшо Мӯъминшоев гуфт, баъди ташкил кардани Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ бо кумаки Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар назди он пойгоҳи моддию техникӣ таъсис дода шуд. Ҳамчунин озмоишгоҳи муосири дорои воситаҳои зарурии ташхис ва табобати вараҷаи тропикӣ ба фаъолият оғоз кард.
Ин ва дигар тадбирҳои муассир имконият доданд, ки дар се соли охир нишонаҳои ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд. Ба қавли мутахассисон паҳнкунандаи асосии бемории вараҷа хомӯшакҳо ба шумор мераванд.
Раҳбари марказ гуфт, ки ҳарчанд дар вилояти мо ин намуди беморӣ дар давоми се сол ба назар нарасидааст, вале эҳтимоли сироятёбии он ба воситаи хомӯшакҳо аз кишварҳои ҳамҷавор вуҷуд дорад. Бинобар ин маркази мазкур ба мақсади пешгирӣ аз бемории вараҷа маводи гуногуни итилоотию маърифатӣ нашр ва ба муассисахои таълимию фарҳангӣ ва маишӣ пайваста дастрас менамояд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






