3,5 ҳазор доллар ба ғолибони пойга
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 19-апрели соли равон дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт ба масофаи 21 километру 97 метр ниммарафони байналмилалӣ аз рӯи масири дав-Наврӯзгоҳи Душанбе-хиёбони Ҳ. Шерозӣ-маҳаллаи Хоҷамбиё-дидбонгоҳи Чорбоғ-хиёбони Рӯдакӣ -майдони Дӯстӣ баргузор мегардад.
Бино ба иттилои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе имсол ниммарафони Душанбе ба рӯйхати мусобиқоти дави ҷаҳонӣ шомил шудааст. Ҷиҳати ширкат ба ин чорабинии варзишӣ, маротибаи панҷум доир мешавад, ба ҷуз варзишгарони тоҷик давандаҳои касбӣ аз бародаршаҳрҳои Душанбе варзишгарони Афғонистон, Беларус, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон, Украина ва Эрон дархост фиристодаанд.
Барои баргузории ниммарафони байналмилалӣ аз буҷаи шаҳрдорӣ 202 ҳазор сомонӣ, муодили зиёда аз 40 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудааст. Ғолибони пойга миёни мардону занон бо мукофотпулӣ ба маблағи 3,5 ҳазор доллари амрикоӣ сарфароз гардонида мешаванд. Ҳамчунин ба ғолибони ҷойи 2-юм 3000, 3-юм-2500, 4-ум-2000, 5-ум-1800 ва 6-ум-1500 долларӣ дода мешавад. Мукофотро ба ғолибони пойга дар маросими ботантана раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев месупорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






