4,9 миллион $-и БАТР ба ШМКХ шаҳри Турсунзода
Душанбе, 9.04.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Бо ҷалби сармояи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд /БАТР/ дар шаҳри Турсунзода лоиҳа оид ба идораи партовҳои сахти маишӣ амалӣ гардонида мешавад. Дар ин росто 9 апрел вакилони палатаи поёнии Парлумони ҷумҳурӣ Созишномаи қарзӣ байни Муассисаи коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода ва БАТР дар мавриди татбиқи «Лоиҳаи идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода»-ро ба тасвиб расонданд.
Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали вазири молияи кишвар,ки санади мазкурро дар назди вакилони Парлумон тавзеҳ дод, гуфт, ки мақсади лоиҳаи идораи партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода, ҷорӣ намудани технологияи муосири идораи партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани вазъи санитарию экологии ҳудуди шаҳр, инчунин сохтмони партовгоҳҳои марказии нав бо истифода аз стандартҳои аврупоӣ, ки ба талботи санитарию экологии ҷаҳон ҷавобгӯст, мебошад. Зикр шуд, ки дар шаҳри Турсунзода 144 нуқтаи ҷамъоварии партов мавҷуд буда, тозакунӣ ва баровардани онҳо бо истифодаи техникаи куҳна ба роҳ монда шудааст. Ҷамъоварии партовҳо бо истифодаи 41 адад техникаи куҳнаи замони шӯравӣ сурат мегирад, ки 15-тоаш коршоям буда, аз 25 то 27 сол дар истифода ва таъмирталабанд.
Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 4,9 миллион $-ро ташкил дода, аз он 2 миллион $ қарзи имтиёзноки БАТР, 2 миллион $ гранти Фонди БАТР ва дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур ҷудо гардидани 750 000 евро ё 900 000 $ барои гузаронидани корҳои машваратӣ ва таҳияи барномаи рушди корпоративӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳангоми татбиқи лоиҳаи мазкур баланд гардонидани сифати хизматрасонӣ, бехатарии санитарӣ ва экологии шаҳри Турсунзода ва беҳтар намудани сатҳи саломатии аҳолии ин минтақа таъмин карда мешавад. Хизматрасонии қарз аз ҳисоби ҷамъоварии маблағҳои хизматрасонӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ пурра ба уҳдаи шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода гузошта шудааст, ки ин хавфи пардохти қарзро аз ҳисоби буҷаи давлатӣ пешгирӣ менамояд. Қарзи ҷамъшавандаи лоиҳаи мазкур имтиёзнокии баланд дошта, ба муҳлати 15 сол, давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ се сол ва меъёри фоиз 1% аст.
Шарофиддин Сироҷов -вакили Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки тибқи созишнома қарзгиранда дар доираи маблағҳои лоиҳа аз пардохтҳои андозҳо ва боҷҳо барои хариди мол, хизматрасониҳо, аз ҷумла корҳои сохтмонӣ озод мешавад. Амалигардонии лоиҳаи мазкур соли 2014 шурӯъ гардида, то соли 2016 идома меёбад.








Дар шаҳри Турсунзода бо сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ вохӯрӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Наврасону ҷавонони ноҳияи Мурғоб дар ҳашари экологии «Соҳили тоза-2026» иштирок намуданд
«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад






