40 довталаби идрорпулии раиси вилоят
Душанбе, 1.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Аз миёни 61 нафар довталаби идрорпулии раиси вилояти Суғд дар озмуни донишгоҳӣ танҳо 40 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ба озмуни вилоятӣ роҳ ёфтанд.
Тибқи иттилои роҳбари Маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод даври ниҳоии озмун даҳаи дуюми моҳи апрел дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сурат мегирад. Донишҷӯёни курсҳои 2, 3 ва 4, ки аз фанҳои таълимӣ 75 фоиз баҳои аъло доранд, аз тариқи ғолибият дар озмун метавонанд стипендияҳои раиси вилоятро дарёфт намоянд. Маврид ба зикр аст, ки дар соли хониши 2013- 2014 барои донишҷӯён ва аспирантон 100 адад стипендия муқаррар шудааст.
Чанде қабл даври аввали он дар сатҳи факултаҳо ҷамъбаст гардид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






