50 ҳазор гектар боғу токзор

Апрель 5, 2014 15:07

 
Душанбе, 05.04.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014» ба рушди бесобиқаи боғу токпарварӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар роҳи васеъ кушода шуд. Дар ин давра ва қаблан ҳам бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллионҳо дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ шинонда шуд, ки дар бунёди аксари боғҳо худи Сарвари давлат иштирок дошт. Мувофиқи талаботи Фармони мазкур бояд дар тамоми ҷумҳурӣ дар масоҳати 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд ёбад. 
Аз ҷумла, тибқи санади мазкур дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода дар масоҳати 950 гектар боғу токзор бунёд меёбад. Тибқи иттилои масъулини соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода имсол нақша пурра ва барзиёд иҷро хоҳад шуд. 
 

Апрель 5, 2014 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд