8 ноболиғ қурбони сел гардид

Апрель 14, 2014 15:16

Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Рӯзи 12 апрел, соати 17:30 дар деҳаи Бузхонаи ҷамоати деҳоти Чӯбеки ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар натиҷаи боридани борони пайдарпай ва омадани сел истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти мазкур Эшмуродов Некрӯз Ҷумъахонович, соли таваллудаш 1999 дар селроҳа монда, ба ҳалокат мерасад. Ҳамзамон рӯзи 13 апрел, соати 16 дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод  дар натиҷаи бориши жола ва борон ярч фаромада, 5 хонаи истиқоматӣ пурра зери ярч монда, 13 нафар ба ҳалокат мерасад.  Дар оилаи Нурмуҳаммад Исмоилов ҳамсараш Холисамо Мустафоқулова (1956), духтараш Ҳафизамо Исмоилова (1980), келинаш Моҳтоббӣ Афғонова (1987), набераҳояш Меҳрубони Муҳриддин (2004),  Гулбарги Муҳриддин (2005), Таманно Исмоилова (2011), дар оилаи Қурбон Носиров ҳамсараш Марворид  Носирова (1947), писараш Усмоншоҳ Носиров (1983), келинаш Лола Орзуева (1983), набераҳояш Бахтиёри Сафаралӣ (2009), Шукрона Носирова (2013), дар оилаи Самад Арзиев писаронаш Сайёди Самад (2009) ва Бунёди Самад (2005) қурбон шуданд.
   Инчунин 12 апрел дар ҷамоати деҳоти Зарбдори шаҳри Кӯлоб ба 4 хонаи истиқоматии шаҳрвандон обу лойқа даромад. Ҳангоми аз чарогоҳ баргаштани подаи аҳолӣ 160 сар моли майда ва 15 сар чорвои шохдори калон дар селоба монда нобуд гаштааст. Дар деҳаи Панҷосиёби ҷамоати деҳоти Зарбдор ба 4 хонаи истиқоматӣ ва 15 иншооти ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон обу лойқа даромад. Зарари аз  офати табиӣ расида ба роҳҳои мошингард ва аксари заминҳои кишоварзӣ  аз тарафи комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи мақомоти иҷроияи шаҳри Кӯлоб муайян мешавад. 
Ҳамзамон соати 7-и субҳи рӯзи 13 апрел дар деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ дар натиҷаи бориши борон ва омадани сел истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти мазкур Муҳаррама Муродова (2008) ҳангоми паноҳ бурдан аз сел дар зери девори роҳрави хонаи истиқоматӣ монда, ба ҳалокат мерасад. 
Дар айни ҳол комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Шӯрообод ва Восеъ дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад ва маълумоти иловагӣ пешниҳод  мешавад. 
Расонидани кумак ба зарардидагони ноҳияҳои Шӯрообод ва Восеъ аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Бахусус рӯзи 13 апрел соати 22:10 ба ба оилаҳои зарардидаи ноҳияи Шӯрообод 60  хайма барои зисти муваққатӣ, 300 кг орд, 150 кг шакар, 150 кг биринҷ, 90 кг макарон, 60 литр равғани растанӣ дода шуд. Инчунин 10 ҳазору 779 литр сӯзишвории дизелӣ ба ноҳияи Восеъ фиристода шуд. 
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сухангӯи дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимов хабар дод.
 
 
 
 
 

Апрель 14, 2014 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад