А. Қодирӣ: Бояд санъати азалии тоҷикиро барқарор кард
Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ вазъи кунунии соҳаи фарҳангро таҳлил намуда, зикр дошт, ки имрӯзҳо сатҳи маънавиёти фарҳангии сокинон хеле коҳиш ёфтааст, зеро бо сабаби назорат набурдани фаъолияти санъаткорон ва пахши ҳар гуна савту наво дар радио ва телевизион фарҳанги бегона ба ҷомеи мо роҳ ёфта, торафт реша медавонад.
Аслан, барои ба танзим даровардани ин раванд дар назди раёсати фарҳанги вилоят Шӯрои бадеӣ фаъолият мебарад, вале вақтҳои охир сатҳи кори ин шӯро хеле паст гардида, он ба пурзӯр намудани самти фаъолият ниёз дошт. Зимни ин мулоқот Шӯрои бадеии раёсати фарҳанги вилоят бо ҳайати нав тасдиқ гардид. Ҳайати нав, ки таҳти роҳбарии муовини раиси вилоят Раъно Бобоҷонова ба фаъолият оғоз менамояд, аз 10 нафар санъаткори варзида, бастакор, драматург, назмшинос иборат мебошад.
Раиси вилоят таъкид дошт, ки баланд бардоштани сатҳи маънавиёти фарҳангии мардум маҳз аз шӯрои бадеӣ вобастагии калон дорад. Дар ин раванд бояд санъати азалии тоҷикӣ барқарор ва ба мардум пешниҳод шавад. Фаъолияти мунтазам ва босамари Шӯрои бадеӣ имкон медиҳад, унсурҳои бегона аз фазои фарҳангӣ берун шуда, фарҳанги волои халқи тоҷик пойбарҷо ва мустаҳкам боқӣ бимонад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






