А. Юнусов Тоҷикистонро дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс муаррифӣ менамояд
Душанбе,9.04.2014(АМИТ«Ховар»).- XXXI -умин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс ба хотири Феликс Штамм, ки Тоҷикистонро варзишгар Анвар Юнусов муаррифӣ мекунад, 8 апрел дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон баргузор гардид.
Дар мусобиқа беш аз 25 даста иштирок мекунанд. Ҳамагӣ дар мусобиқа беш аз 80 устодони моҳири дастпӯшакҳои чармӣ аз Тоҷикистон, Русия, Литва, Украина, Қазоқистон, Лаҳистон ва дигар кишварҳо баромад мекунанд.
Миёни мардон кишвари моро чемпиони Осиё, иштирокчии Бозиҳои олимпӣ дар Пекин ва Лондон, ғолиби чандинкарата ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалӣ Анвар Юнусов муаррифӣ мекунад.
Гурӯҳи мардонро беш аз 20 намояндаи ҷинси занона дар бар мегирад. Дорандаи мукофоти биринҷии Бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон Мавзуна Чориева дар ин мусобиқа, ки миёни занони 60 кг вазн дошта сурат мегирифт, иштирок карда натавонист.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






