Афзоиши амонатҳои шахсони воқеӣ

Апрель 2, 2014 13:30

Душанбе, 02.04.2014. (АМИТ «Ховар, Кристина  Эрлих ). – Таҳлили  сохтори  бақияи  амонатҳо  дар  охири  моҳи  феврали  соли  ҷорӣ  нишон  дод, ки  амонатҳои  ташкилотҳои  қарздиҳандаи ҷумҳурӣ  чун  пештара  меафзояд. Мувофиқи  маълумоти  оморӣ,  нишондоди  зикршуда дар  ин  давра  5  миллиону  670  ҳазору  900 сомониро ташкил  дода,   нисбат ба  ҳамин  давраи  соли  гузашта  баробари  15,9  фоиз  афзуд. Дар  ин  бора  аз   маркази  матбуоти Бонки  миллии  Тоҷикистон  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд.
Мувофиқи  суханони  манбаъ,  амонатҳои   шахсони  ҳуқуқӣ  32,8  фоиз (ё 1  миллиону  861  ҳазору  300 сомонӣ) ва шахсони  воқеӣ  67,2  фоиз  (ё  3  миллиону  809  ҳазору  600 сомонӣ) – ро  ташкил  медиҳад. 

Апрель 2, 2014 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш