Афзоиши маҳсулоти саноатӣ аз Паём то Паём

Апрель 21, 2014 14:05

Душанбе, 21.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар давраи аз Паём то Паёми соли 2014 дар соҳаи саноати кишвар маҳз бо дастгирии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолоти  саноати кишвар рушд ёфта, корҳо оид ба ворид намудани таҷҳизотҳо ва технологияҳои нав, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва дар ин замина зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва афзун намудани содироти маҳсулот корҳои назаррас анҷом дода шудаанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  дар соли 2013  9 млрд. 936 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиш нисбат ба соли 2012 ба 103,9%, ба маблағи 376,9 млн. сомонӣ зиёд аст. Соли 2013 афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, дар соҳаи саноати маъдани кўҳӣ 117,8%, саноати маводи сохтмон 112,8%, саноати хўрокворӣ 102,1%, саноати ангишт 135,6%-ро ташкил дод.
       Дар соҳаҳои истеҳсолоти саноатӣ феълан бештар аз 90 намудҳои мавод ва ашёи хом коркард шуда, барои эҳтиёҷоти иқтисодиёти мамлакат зиёда аз 1000 навъи молу маҳсулот истеҳсол мегардад.
     Бо мақсади рушди соҳаҳои саноат 11 барномаҳои давлатии соҳавӣ бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, корҳо дар ин ҷода мунтазам идома доранд.  Бояд зикр кард, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки  саноати кишвар соҳаи  саноати сабук мебошад, ки дар он 5 барномаи давлатии соҳавӣ  мавриди иҷро қарор дорад.
 Соли 2013  дар соҳаи саноати сабук 35  корхона ба истифода дода,  1 585 ҷойи нави корӣ ташкил шуда, 849 ҷойи кории бозистода барқарор карда шуд. 
Соли 2013 ҳаҷми коркарди пўст ба 1 млн. 95 ҳазор  адад  расонида  шавад. Ин нишондод  нисбат ба соли 2010 ба миқдори 858 ҳазор  адад  зиёдтар  аст.
Воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ  дар давоми соли 2013 дар соҳаи саноати сабук 36 млн. 399 ҳазор сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардиданд, ки ин нисбат ба соли 2012  14 млн. 538 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. 
Дар соҳаи маъданҳои кўҳӣ бо иштироки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи поксозии тилло бо иқтидори аз 5 то 10 тонна ба истифода дода шуда, сохтмони таҳкурсии фабрикаи коркарди маъданҳои кӯҳӣ барои 10 000 тонна дар як шабонарўз дар ҶДММ КМ “Зарафшон” оғоз ёфт. 
     36,7%-и ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати ҷумҳуриро корхонаҳои саноати хўрокворӣ истеҳсол менамоянд. Дар ин давра бо ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ дар соҳа    94 корхонаи истеҳсолӣ бо таъсиси 1297 ҷойи корӣ дар ҷумҳурӣ фаъол гардид.
Баъди ба кор даромадани корхонаҳои«Хуаксин Ғаюр семент» бо иқтидори солонаи 1 млн тонна  ва «Сементи Тоҷик» бо иқтидори 180 ҳазор тонна  истеҳсоли ин намуди масолеҳ афзуда, нархи он дар бозори дохилӣ паст фаромад. 
Соли 2014 ба истифода додани 12 корхонаи соҳаи масолеҳи сохтмонӣ бо таъсиси зиёда аз 500 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шудааст. 
           Дар соли 2013 17 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластмасса ба маблағи 51,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки нисбат ба   ҳамин давраи  соли 2012  1,1  млн. сомонӣ зиёд мебошад. Суръати афзоиши маҳсулот назар ба ҳамин давраи соли гузашта 102,1 фоиз таъмин  шуд.
Соли 2013 истихроҷи ангишт дар ҷумҳурӣ  517,8 ҳазор тоннаро ташкил дод ва талаботи муассисаҳои буҷавӣ 102,7 фоиз таъмин шуда, соли 2014 ҳаҷми истеҳсоли он боз ҳам бештар карда мешавад. 
Аз рўи маълумоти фаврӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-марти соли 2014 2 млрд.70,8 млн. сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар миқёси ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 ба 103,6% баробар шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2013 72,8 млн. сомонӣ зиёд аст.
Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати  иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои ташкилию техникӣ таҳия ва тасдиқ намуда, барои дар соли равон ба даст овардани натиҷаҳои баландтари истеҳсолию иқтисодӣ тамоми шароиту имкониятҳоро сафарбар менамояд. 
 
 
 
 
 

Апрель 21, 2014 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Варзоб Конфренсияи илмӣ-амалии «Ваҳдати миллӣ – шукуфоии Ватан мебошад» баргузор шуд
Дар дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор гардид
Суратгузориш аз ҷараёни баргузории Намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон дар Қазоқистон
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои об қабули Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳро дастоварди навбатии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОГОҲӢ! Аз 27 то 30 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва қабули ташаббуси нави ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Рашт дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – асоси таҳкими давлатдории тоҷикон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид
Дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и шаҳри Норак бинои иловагӣ сохта мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад