Амбулифт мушкили мусофирони маъюбро осон мегардонад
Душанбе, 08.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Бо мақсади такмил додани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, аз ҷумла осон намудани мушкили мусофирони имконияташон маҳдуд фурудгоҳи Душанбе лифти амбулаторӣ (амбулифт) харид.Амбулифт мошини таҷҳизонидашудаи махсус аст, ки барои мусофирони маъюб ва бемороне, ки худ ҳаракат карда наметавонанд, инчунин мусофирони имконияташон маҳдудро барои ба дохили ҳавопаймо интиқол додан пешбинӣ шудааст.Дар асоси қарордоди пештар имзошуда амбулифтро барои фурудгоҳи Душанбе ширкати «Ютейр лизинг» дастрас намуд. Амбулифт истеҳсоли Фаронса буда, дар заминаи мошини машҳури «Reno» сохта шудааст. Мошини мазкур имкон дорад, дар қатори мусофир ё мусофирони имконияташон маҳдуд боз чор нафар ҳамроҳро ба ҳавопаймо интиқол диҳад. Амбулифт ба таври замонавӣ таҷҳизонида шуда, дорои чор курсӣ, замбарароба, аробачаи маъюбӣ, кондитсионер, низоми гармидиҳандаи «Webasto» ва дигар лавозимоти зарурӣ мебошад. Амбулифт ба баландии зиёда аз 5 метр боло мешавад ва имкон дорад ба ҳама намудҳои ҳавопаймоҳои хурду бузурге, ки ба фурдгоҳи Душанбе парвоз мекунанд, хизмат расонад. Муҳандис-технологи хадамоти хизматрасониҳои рўизаминӣ Муҳриддин Муртазоев иброз дошт, ки амбулифт мушкили мусофирони имконияташон маҳдудро пурра бартараф хоҳад кард. Барои идора кардани мошини мазкур алъон мутахассисон омода мешаванд. Дар ин бора котиби матбуотии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» Маҳмадюсуф Шодиев ба АМИТ «Ховар» хабар дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






