Андозаи миёнаи нафақа 6,4 баробар афзоиш ёфтааст
Душанбе, 24.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таъмини нафақа мебошад. Ба ин хотир аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар доираи имкониятҳои молиявии буҷети давлатӣ ҳамасола тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. Дар натиҷа тайи 7 соли охир андозаи миёнаи нафақа дар кишвар 6,4 баробар афзоиш ёфтааст. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи иҷтимоӣ минбаъд низ бомаром идома ёфта, бо мақсади дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ доир ба масъалаи муқаррар намудани дастгирии иловагии давлатӣ тавассути кумакҳои суроғавии иҷтимоӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






