Артиш: савганди 150 нафар ҷавон
Душанбе, 26.04.2014. АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ беҳтарин нишони олии садоқат ба давлату миллат ва эҳтиром ба ин сарзамини куҳанбунёд ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо ҳазорон нафар ҷавонон бо мақсади иҷрои қарзи Ватан-Модар ин пешаи бошараф ва нангу номуси ватандориро интихоб менамоянд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, дирӯз дар қисми низомии 6592-и Раёсати Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бахшида ба савгандёдкунии беш аз 150 нафар ҷамъомади тантанавии наваскарон доир гардид.
Дар он роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва волидони наваскарон аз вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зикр кард, ки агар дар назди падару модар қарзи фарзанд пеш аз ҳама эҳтироми онҳоро ба ҷой овардан ва қадршиносию дастгирӣ намудан бошад, нисбат ба Ватан қарзи асосӣ — ин ҳимояи Ватан, миллат ва озодиву истиқлолияти он мебошад.
Ҳамчунин вазири корҳои дохилӣ ба волидайне, ки фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстию — ватанпарварӣ, садоқат ба ин сарзамин ва эҳтиром ба арзишҳои олии он тарбия намуданд ва боиси ихтиёрона ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани онҳо гаштаанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, иброз дошт, ки имрӯз шароити хизмати сарбозон дар сатҳи баланд қарор дошта, афсарону роҳбарони қисмҳои низомӣ ба онҳо падарвор муносибат менамоянд.
Волидони наваскарон, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Хатлон омада буданд, баъди шиносоӣ бо шароити хизмати сарбозон изҳори қаноатмандӣ намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






