Авҷи муҳоҷирати меҳнатӣ

Апрель 28, 2014 11:46

Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Субъектҳои хоҷагидори вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар давоми моҳи апрел сафарбарнамоии муҳоҷирони меҳнатиро  оғоз карданд.
Дар маҷмӯъ аз хизматрасонии субъектҳои хоҷагидор 2 ҳазору 790 нафар муҳоҷир истифода намуд.
Аз рӯи маълумоти шуъбаи назорат ва муҳоҷирати меҳнатии Раёсат аз 1 апрел то 24 апрели соли равон субъектҳои хоҷагидори “Сомонэкспрестарнс”, “Нақлиёт”, “Иттиҳодияи автовокзалҳо”, “Роҳи Абрешим”, “Олами саёҳат” ва “СИ Маҳмудов” 2 ҳазору 596 нафар муҳоҷирро тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳан ба вилоятҳои мухталифи Федератсияи Русия сафарбар намуданд.
Бино ба иттилои  Раёсати ХМ дар вилояти Суғд, дар ин радиф субъектҳои хоҷагидори “Умури меҳнати ихтиёрии ҷавонон”, “Сомонэкпрестранс”, “Нақлиёт”, “Иттиҳодияи автовокзалҳо”, ва “Мирзо ва К” дар корхонаҳои гуногуни яксилсила вилоятҳои Федератсияи Русия 194 нафар муҳоҷири меҳнатиро бо ҷои кор таъмин намуданд.
Ҳангоми гусели гурӯҳҳо намояндагони Раёсат бо онҳо вохӯрда, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд.
 
 
 

Апрель 28, 2014 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд