Аз 11 пешниҳоди ҲНИТ танҳо дутоаш ҷонибдорӣ гардид

Апрель 24, 2014 15:09

   Душанбе, 24.04.2014(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Аз 11 пешниҳоди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мавриди   ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ироа гардида,  танҳо 2 -тоаш пазируфта шуда, 9-тоаш  ҷонибдорӣ нагардид.
         Муҳиддин Кабирӣ -вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲНИТ зимни тавзеҳи ин масъала дар назди вакилони Парлумони кишвар гуфт, ки лоиҳаи  мазкур ба хотири бартараф кардани мухолифатҳо байни қонуни амалкунанда, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои ҷории кишвар ва ба  назар гирифтани тавсияҳои нозирони миллӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла нозирони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/  ироа гардидааст.  
           Зикр шуд, ки яке аз ин пешниҳодҳо ворид намудани  тағийру иловаҳо ба моддаи 4-и лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  интихоботи Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст, зеро ин модда ба шаҳрвандоне, ки  муддати 5 сол дар хориҷ аз кишвар истиқомат доранд, маҳдудият эҷод намуда,  онҳо наметавонанд  номзад  ба интихоботи Маҷлиси Олӣ бошанд. Кабирӣ гуфт, ки ин меъёр ба Конститутсия   Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат дорад, зеро моддаи 27-и Конституисяи кишвар ба ҳамаи шаҳрвандон ҳақи интихобшудан ва интихобкарданро додааст. Мавсуф афзуд, ки алҳол аз 4 миллиону 22 000 интихобкунандае, ки то интихоботи президентӣ дар кишвар сабт шуда буд, бо маълумотҳои  гуногун то 1, 5  миллион шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар кор ва зиндагӣ менамоянд. Ӯ гуфт,  агар мо ин монеаро набардорем, боиси поймолшавии ҳуқуқи онҳо хоҳад шуд. Дар ин росто Галия Рабиева, вакили Парлумон  гуфт, ки шаҳрванде, ки дар зарфи 5 соли охир дар қаламрави кишвар зиндагӣ намекунад, чӣ тавр бо вазъи иқтисодию иҷтимоии  аҳолӣ шинос аст ва ҳангоми таҳияи барномаи пешазинтихоботии худ оё метавонад роҳҳои асосии рушди минтақа,  беҳдошти сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардумро пешниҳод намояд? Г. Рабиева афзуд, ки дар зарфи 5 соли охир дар қаламрави кишвар зиндагӣ кардани  номзад ба интихоботи  Маҷлиси Олӣ,  яке аз шартҳои муҳими фаъолияти намояндаи мардумӣ дар Парлумон  аст.
           Пешниҳоди дигаре, ки он ҳам  ҷонибдорӣ наёфт,  ворид намудани тағйирот ба моддаи 8 эзоҳи 1  марбут ба ҳуқуқи нозирони миллист. М. Кабирӣ зикр кард, ки то имрӯз    нозирони миллӣ ҳақи гирифтани протокол дар бораи натиҷаи  овозҳоро аз комиссияҳои участкавӣ надоранд. Ва мо пешниҳод кардем, ки ин ҳуқуқ ба нозирони миллӣ дода шавад,  то ки онҳо  ҳангоми тақаллубкорӣ дар  интихобот ба суд ва дигар мақомот шикоят баранд ва бояд онҳо як санади расмӣ дар даст дошта бошанд. Ба нозирон ҳақ дода шавад, ки нусхаи расмии протокол дар бораи натиҷаи овозҳоро бо имзои раиси  комиссия ё котиби комиссия ба даст оранд. Дар иртибот ба ин модда Галия Рабиева таъкид кард, ки ин пешниҳод ба моддаи 8 хароҷоти зиёди молиявиро талаб менамояд, зеро теъдоди нозирони миллӣ беш аз 20 000 буда,  ба онҳо додани нусхаи протоколҳо ғайриимкон аст. Нусхаи протокол муддати се шабонарӯз дар ҷои намоёни бинои  участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ овезон карда шуда, инчунин нозирони миллӣ ҳуқуқ доранд бо протоколи комиссияҳои интихобот оид ба натиҷаи овоздиҳӣ шинос шаванд.
        Инчунин пешниҳоди дигари Кабирӣ дар мавриди ворид намудани тағйиру иловҳо ба моддаи 16-и лоиҳаи қонуни конститутсионӣ доир ба  таъсиси участкаҳои интихоботӣ ҷонибдорӣ нагардид. 
   Аз ду пешниҳоди ҷонибдоршуда, яке аз онҳо  ҳангоми гирифтани 10 % овозҳои интихобкунандагон маблағи гаравпулӣ ба номзад баргардонида шуда, дигараш    бо қалами ранга /ручка/пур кардани  протоколҳо аст, ки дар моддаи 46-и лоиҳаи  Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» омадааст. 

Апрель 24, 2014 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад