Аз генерал то сарбози қаторӣ бояд вазифаҳои хизматиро ба ҷо орад
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Дар ҷамъомаде, ки ҳафтаи равон таҳти роҳбарии вазири мудофиаи мамлакат Шералӣ Мирзо ва бо иштироки ҳайати фармондеҳии навъҳои қувваҳои мусаллаҳ, сардорони раёсату хадамоти алоҳидаи дастгоҳи марказӣ ва ситоди генералӣ баргузор гардид, масоили баланд бардоштани омодагии ҷангӣ, интизоми ҳарбӣ, пурзӯр намудани қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ, ҷобаҷогузории кадрҳои соҳавӣ, нигоҳдорӣ ва самаранок истифода намудани техникаҳои ҳарбӣ баррасӣ шуданд.
Вобаста ба рафъи монеаҳои мавҷуда таъкид шуд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ, новобаста аз сатҳи вазифавӣ, яъне аз генерал то сарбози қаторӣ бояд дар самти иҷрои уҳдадориҳо ва вазифаҳои рӯзмараи хизматӣ бо масъулияти баланд муносибат намояд.
Дар анҷоми ҷамъомад баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва мушкилоту монеаҳое, ки дар фаъолияти баъзе аз масъулину роҳбарони ҷузъу томҳо мавҷуданд, дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






