Баландтарин сутунпояи парчами миллӣ дар Суғд
Хуҷанд, 01.04.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Дар маркази вилояти Суғд сутунпояи парчами миллии Тоҷикистон қомат афрохт. Он дар назди саҳни бинои ҳукумати вилояти Суғд ҷойгир буда, баландиаш 55 метр мебошад. Он ба Хуҷандшаҳр ҳусну шаҳомати дигареро зам намуд.
Тавре аз идораи кабудизоркунии шаҳр иттилоъ доданд, дар ин мавзеъ дар масоҳати 2000 метри мураббаъ сафолакҳо пӯшонида шуда, наздик ба 150 бех навъи дарахту ниҳолҳои палма, туя ва ёси ҳиндӣ шинонида мешавад.
Мувофиқи иттилои мақомоти иҷроияи вилоят ифтитоҳи расмӣ ва бардошти парчам дар ин сутунпояи 55 метра, ки баландтарин дар Суғд ба шумор меравад, аввали моҳи апрел дар назар аст.
Ба иттилои масъулин дар оянда дар ин минтақа боғи Парчами миллии Тоҷикистон ва дар шафати он Боғи устод Рӯдакӣ бунёд мешавад.
Бояд гуфт, ки санги асоси сутуни 55 метраи парчами Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд моҳи декабри соли 2013 гузошта шуда , лоиҳаи онро ширкати «Суғдшаҳрофар» омода намудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






