Баргузории якчанд мусобиқаи варзишӣ
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Аз 22-юм то 27-уми апрел барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳон оид ба камонварӣ узви дастаи мунтахаб Фирўза Зубайдова дар шаҳри Шанхайи кишвари Чин ширкат мекунад.
Рӯзҳои 3-4-уми май дар Маҷмааи варзишии «20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и Хуҷанд баргузории чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба каратэ-до миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон дар назар аст.
4 -уми май дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мусобиқаи пойгаи варзиши сабук барои дарёфти Ҷоизаи мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Точикистон Шайдулло Исоев бо ширкати варзишгарони вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва минтақаи Рашт дар назар аст.
1-2-юми май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии варзиши сабук байни наврасони соли таваллуди 1995-1999 доир мегардад.
Дар чорабинӣ ширкати ҳайати дастаҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва минтақаи Рашт дар назар аст.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҷавонон , варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






