Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин
Душанбе, 28.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо ҳайати намояндагони ширкатҳои «Юан Чен» ва «Дэ Жуй Бао»-и Ҷумҳурии мардумии Чин мулоқот намуд.
Тавре ки дар ин бора аз котиботи вазорати мазкур хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав оид ба ворид намудани сармояи иловагӣ ба Ҷамъияти муштараки «Апрелевка» ва сохтмони заводи чархҳои резиниро мавриди баррассӣ қарор доданд.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо ҳамчунин ба паҳлӯҳои дигари ҳамкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз натиҷаи вохурӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди омўзиши тарафҳо қарор хоҳанд гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






