Баррасии асосҳои муколамаи давлат бо бахши хусусӣ
Душанбе, 7.04.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода). — Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл таҳти раёсати муовини раиси кумита Нигина Абдуллоева бо мусоидати Лоиҳаи БРСММ/DFID “Дастгирии самарабахши ҳамоҳангсозии миллӣ ва мониторинги кумаки беруна” (SЕNACAM) дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба дастгирии бахши хусусиро баргузор намуд. Дар кори ҷаласа намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳои дахлдор, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ ширкат варзиданд.
Аз маркази матбуоти Кумитаи сармоягузорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҷаласаи мазкур ба баррасии ду масъала — Асосҳои асосии муколамаи давлат бо бахши хусусӣ ва Шарҳи кумаки беруна дар бахши хусусӣ бахшида шуд.
Ҳар ду масъалаи барномаи ҷаласаи Гурӯҳи корӣ аз тарафи Лоиҳаи SENACAM омода ва пешниҳод гардид. Муаррифии аввал ба масъалаҳои методология ва муқаррароти муколамаи давлат ва бахши хусусӣ, таҷрибаи пешқадами дигар кишварҳо, заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ҷанбаъҳои амалӣ ва масъалаҳои асосии ин соҳа бахшида шуд. Дар асоси таҳлили ҳамаҷониба оид ба беҳсозии муколамаи самараноки давлат ва бахши хусусӣ ва дастгирии рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон тавсияҳо пешниҳод гардиданд.
Дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ баррасии фаъолонаи таҳлили пешниҳодгардида сурат гирифт Тавсия гардид, ки минбаъд ҳам таҷрибаи дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ шунидани натиҷаи таҳҳлилҳо оид ба паҳлуҳои гуногуни расонидани кумаки беруна, аз ҷумла баҳогузории робитаи байниҳамдигарӣ ва рушди механизми равона сохтани кумак ба афзалиятҳои миллӣ ва барномаҳои бахшӣ идома дода шавад.








SIM ё eSIM: чаро муштариён кортҳои электрониро интихоб мекунанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






