Баррасии вазъи мухаддиротӣ миёни Р.Назаров ва Н.Билисбеков

Апрель 30, 2014 08:56

 Душанбе, 30.04.2014 (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии директори агентӣ Рустам Назаров бо ҳайати вакилони Қазоқистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Қазоқистон Нургалӣ Билисбеков баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ тарафҳо оид ба масъалаҳои рушди дуҷониба мубодилаи афкор намуданд ва самтҳои афзалиятноки фаъолиятро дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар муайян намуданд. Диққати махсус ба вусъатёбии вазъияти вобаста ба маводи нашъаовар дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон равона карда шуд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории дутарафа — мубодилаи иттилооти фаврӣ нисбат ба саркардагон ва аъзои гурӯҳҳои ҷинояткори фаромиллӣ ва ташкил намудани чорабиниҳо оид ба бартараф намудани онҳо муайян гардид.
Тарафҳо инчунин масъалаҳои усулҳои арзёбии маводи нашъаовари афғониро, ки тавассути “Хатсайри шимолӣ” мегузарад, муҳокима намуданд.
 
 
 
 
 
 

Апрель 30, 2014 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад