Беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ

Апрель 24, 2014 15:10

Душанбе, 24.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Рӯзҳои 24,26, 28-уми апрели соли ҷорӣ вохўрии муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Руслан Шодиков бо донишҷўёни риштаи туризми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки роҳбарияти  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бо мақсади иҷрои Протоколи ҷаласаи XII-уми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ шурўъ аз моҳи март нишасту вохўрӣ ва семинарҳои омўзиширо бо муҳассилини муассисаҳои таълимие, ки кадрҳои соҳаи туризмро тайёр менамоянд, роҳандозӣ кардааст.
Дар ин бора аз дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон , варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд.
 
 
 

Апрель 24, 2014 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш