Беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ дар мавриди соҳаи тандурустӣ зикр намуд, ки дар 15 соли охир ба соҳаи тандурустии кишвар аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 4,3 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст ва ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳа дар 7 соли оянда 14 миллиард сомонӣ равона мешавад.
Сарвари Давлат таъкид намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки дар раванди татбиқи сиёсати пешгирифтаи давлат фаъолияти худро дар доираи стратегияву барномаҳои қабулгардидаи давлатӣ ба роҳ монда, доир ба ҳалли масъалаҳои беҳтар намудани дастрасии аҳолии камбизоат, хусусан пиронсолону маъюбон, кӯдакони ятиму бепарастор ба хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ мунтазам чораҷӯӣ намояд.
Бо мақсади таъмини фаъолияти пурсамари муассисаҳои тиббӣ ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки доир ба зиёд кардани ҳиссаҷудокунӣ барои таъминоти муассисаҳои тандурустӣ, харидории таҷҳизоти муосири тиббӣ, сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва таъмиру барқарорсозии муассисаҳои мавҷудаи тандурустӣ, инчунин тарбияи мутахассисоне, ки қобилияти баланди бо техникаву технологияи муосир кор карданро дошта бошанд, тадбирҳои муассир андешанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






