Бе пардохт ба чемпионат роҳ дода намешавед!
Душанбе, 01.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). -5-уми апрели соли ҷорӣ қарор буд, ки 23-юмин мусобиқаи Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ оғоз шавад, аммо он ба вақти дигар гузошта шуд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон чемпионати мазкур 12 апрел шурӯъ хоҳад шуд. Далели ин таъхирро манбаъ дар сари вақт пардохт накардани маблағи дархост аз ҷониби клубҳои “Энергетик” (Душанбе), “Далерон-Уротеппа” (Истаравшан), “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров), “Равшан” (Кӯлоб) ва ССКА “Помир (Душанбе) ва таҳия нашудани асноди зарурии тимҳо барои ширкат дар мусобиқа рабт дод.
Кумитаи иҷроияи ФФТ муҳлати ниҳоии пешниҳоди маблағҳоро 9 апрел муайян кардааст. “Кумитаи иҷроия раҳбарияти клубҳои “Энергетик”, “Далерон-Ӯротеппа”, “Парвоз”, “Равшан” ва ССКА “Помир”-ро ҳушдор дод, ки дар сурати сари вақт пардохт накардани маблағ ва таҳияи ҳуҷҷатҳо дастаҳо ба чемпионат роҳ дода намешаванд”,-афзуд манбаъ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






