Берон Меробов- Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон даргузашт
Душанбе, 26.04.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Берон Меробов, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, сардирижёр ва роҳбари бадеии Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар синни 78 аз олам даргузашт.Тавре ки Миралӣ Достиев, директори Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ изҳор намуд, ҷасади марҳум нимаи дуюми дирӯз дар яке аз оромгоҳҳои пойтахт ба хок супурда шуд.Ёдовар мешавем, ки Берон Меробов 22-юми октябри соли 1937 дар деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст.Берон Меробов Омӯзишгоҳи мусиқии Душанберо дар соли 1959 ва соли 1964 Консерваторияи давлатии Маскавро ба итмом расонида, Консерваторияи давлатии Лениградро дар соли 1976 бо муваффақият хатм намудааст.Ӯ дирижёр, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон (соли 1997) ва профессор (соли 2001) будҲамчунин мусиқинавози дастаи этнографӣ-хореографии «Помир» (солҳои 1957-1959), оркестри симфонии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (солҳои 1968-1971), роҳбари бадеии Филармонияи давлатии Тоҷикистон (солҳои 1980-1990)-ро ба уҳда дошта, аз соли 1990 — дирижёр ва аз соли 1995 — сардирижёри Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садридддин Айнӣ буд ва то вафоташ ҳамчун дирижёр ва раиси Шӯрои бадеии театри мазкур ифои вазифа мекард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






