Беш аз 70 млрд. барои ҳалли масоили иҷтимоӣ

Апрель 23, 2014 10:20

Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масоили иҷтимоии аҳолӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, -иттилоъ дод 23 апрели соли 2014 Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ. Вай афзуд, ки албатта, татбиқи амалии ин ҳадаф бе таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ имконнопазир аст.
Президенти кишвар ҳамчунин афзуд, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии худ – таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ тамоми имконотро истифода менамояд ва ҷиҳати татбиқи онҳо то соли 2020 аз буҷети давлатӣ ва ҷалби сармояҳо беш аз 35 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.   

Апрель 23, 2014 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд