Бизнес-форуми соҳибкорӣ дар Душанбе
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 11-уми сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорӣ дар доираи ҷаласаи солонаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад.
Нақшаи чорабинӣ аз ҷониби раиси кумитаи тадорукот, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода тасдиқ гардида, оид ба гузаронидани ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ, аз ҷумла муайян намудани толорҳои бошукӯҳ, маҷлисгоҳҳои хурд, ҷаласаҳои соҳавӣ дар доираи Форум, омода намудани рӯйхати иштироккунандагон , паҳн намудани даъватномаҳо тибқи тартиби муқарраргардида, таъмин ва насби таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳати таъмини тарҷумаи синхронӣ бо 4 забон, таъмини толор ва маҷлисгоҳҳо бо таҷҳизоти калон (экран), проекторҳо, асбобҳои тақвияти овоз ва баландгӯякҳо, ноутбук ва телевизори плазмавӣ дар байни мизи музокирот, инъикоси ҷараёни чорабиниҳо дар ВАО, ташкили намоиши хурди ҳунармандони миллӣ, тарроҳон ва гӯшаи сайёҳӣ бо пешниҳоди сайёҳӣ дар ҳудуди кишвар, нуқтаҳои тиббӣ дар макони баргузории чорабинӣ, омода ва ҷобаҷогузории парчамҳои давлатҳои узви СҲШ, таъмини хизматрасонии сатҳи баланд дар фурудгоҳ, ба таври ройгон таҳия намудани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони ҳайатҳо, ҳайати ҳамроҳ ва иштирокчиёни вохӯрӣ дар намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии ҶТ дар хориҷа, раёсати консулӣ ва Бюрои консулии Вазорати корҳои хориҷӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, омода намудани сабти видеоӣ оид ба имкониятҳои инвеститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тамоми вазорату идораҳои дахлдор супоришҳо дода шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






