Боғи наботот товус дорад

Апрель 28, 2014 11:28

Душанбе, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Екатерина  Пасторова). —  Ба Боғи  набототи  Душанбе  30  адад  товус  оварданд. 
«Ба  фикри  мо ин  навигарӣ  истироҳати  сокинони  шаҳри  Душанберо   боз  ҳам  зеботару гуворотар  намуда, мақбули  хурду бузурги  истироҳаткунандагон  мегардад», — зикр  намуданд  дар   боғи  наботот.
Қобили  зикр  аст, ки барои  товусҳо  қафас  гузошта  шуда бошад  ҳам, вале роҳбарияти  боғ  тасмим  гирифтааст, ки  ин  паррандаҳои зебо  таҳти  назорати  кормандони  боғи  наботот  дар  фазои  кушод  бошанд.

Апрель 28, 2014 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш