«Бобуна» бемории силро пешгирӣ мекунад
Ҳамадонӣ, 8.04.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри солимии ҷомеа ва пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ чанд барномаи давлатиро роҳандозӣ намудааст, ки онҳо зина ба зина амалӣ мешаванд. Ташкилоти хайриявии «Бобуна» дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо дастгирии ҳокимияти маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф дар байни хонандагони мактабҳои ноҳия омӯзишҳо гузаронида, пайваста озмун ташкил менамояд ва ғолибонро бо туҳфахои пулию молӣ сарфароз мегардонад.
Ташкилоти хайриявии «Бобуна» бо маркази ҷумҳуриявии зидди бемории сил ҳамкории густурда дорад ва барои муоинаи сокинони ҷамоъати деҳоти «Дашти гулҳо» гуруҳи корӣ ва таҷҳизоти муосири сайёри рақамии рентгенӣ-флюорографиро ба маркази ҷамоат сафарбар кардааст, ки дар навбати аввал шахсони бо беморони сил дар тамосбуда ва кӯдакони аз 7 то 14- соларо аз ташхис мегузаронанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






