Боздиди Президент аз маҳаллаи нави Истиқлол ва оғози сохтмони мактаб

Апрель 15, 2014 11:03

Душанбе, 15.04.2014. (АМИТ «Ховар»).-Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи навбунёди Истиқлол, ки барои аҳолии аз заминҷунбии моҳи ноябри соли 2013 осебдида дар ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат бунёд ёфтааст, ташриф оварда, аз хонаҳои нави онҳо дидан кард.
Хотиррасон гардид, ки дар натиҷаи заминҷунбии 10 ноябри соли 2013 рухдода дар чанде аз деҳаҳои шаҳри Ваҳдат 108 хона пурра хароб шуда, наздики 250 хонаи дигар қисман осеб дида буданд.
Аз ин хотир барои 108 хонаводаи бесарпаноҳмонда хонаҳои нав сохта шуда, бо ашёи рӯзгор ба онҳо туҳфа карда шуд. Тавре зикр гардид, хонаҳои нав бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба тариқи ҳашар бо саҳмгузории мақомоти идораи давлатӣ ва соҳибкорону саховатмандон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе дар муддати кӯтоҳ сохта шудаанд. Сарфи назар аз он, ки қисмати зиёди сохтмон дар мавсими зимистон сурат гирифтааст, корҳо бо сифати баланд анҷом ёфтаанд. То имрӯз 65 хона пурра омода шуда, сохтмони боқӣ хонаҳо бо суръати баланд идома дорад.
Мардуми аз заминҷунбӣ осебдидае, ки соҳиби хонаҳои нав шудаанд, аз дастгириҳои бевоситаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ғамхории доимии ӯ самимона арзи сипосу қадрдонӣ намуданд. 
Ба 250 хонаводае, ки хонаҳояшон қисман осеб дидаанд, замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст ва 50% масолеҳи сохтмонӣ ба онҳо аз ҳисоби Ҳукумати кишвар ройгон дода мешавад.   
Барои бунёди ин маҳалла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 166 гектар замин ҷудо гардидааст. Дар ин ҷо, ҳамчунин ба 1000 оилаи ба манзили зист ниёздоштаи дигар низ қитъаҳои наздиҳавлигӣ дода мешавад.
Дар маҳаллаи нав бо саҳмгузории роҳбарияти шаҳр ва мардуми саховатпешаи он хатнасури 100 писарча ва тӯйи арусии 10 ҷуфти навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд дастаҷамъона ороста шуд. Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи кӯдакони хатнашаванда ва арусу домодҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карда шуд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 2480 хонанда дар 2 баст оғози расмӣ бахшид.
Бо хушнудӣ иттилоъ дода шуд, ки маблағгузории сохтмони ин мактаб аз ҷониби Созмони сармоягузории Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб анҷом дода мешавад. Ин нуктаро намояндаи воломақоми он Абудулло Рашид Лута тасдиқ намуд. Чунонки зикр гардид, ин мактаб бо шароити навтарини таълиму тарбия бо харҷи 21 миллион сомонӣ бунёд хоҳад ёфт. Хотиррасон бояд намуд, ки корхонаи коркарди чарм ва истеҳсоли либосу пойафзоли чармӣ, ки имрӯз ба кор дароварда шуд, бо саҳмгузории ҳамин соҳибкор аз шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бунёд ёфтааст.
Тавре таъкид гардид, маҳаллаи навбунёди Истиқлол дорои тамоми биною иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб, бунгоҳи тиббӣ, боғчаи кӯдакон ва инфрасохтори муосири нақлиётӣ, барқӣ ва оби нӯшокию кишоварзӣ хоҳад буд.
Дар ҷойи мактаби нави оянда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми шаҳри Ваҳдат мулоқоти судбахш анҷом дод.
Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www. president. tj» дастрас намоед. 

Апрель 15, 2014 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶАВОНОН-ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ!». Таҳти чунин унвон ҳафтаи худидоракунӣ гузаронида мешавад
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои самараноки «Пардохти ҳушманд» ҷаласаи корӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Суғд вазъи кишти баҳорӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ баррасӣ шуд
Лӯлаҳои обгузари Ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав таъмир мешаванд
Теъдоди бар асари обхезӣ ҳалокшудагон дар Афғонистон аз 300 нафар гузашт
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Форум баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Дар ноҳияи Рашт ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид
Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад