Боздиди Сафири Чин аз ДДХ
Душанбе, 02.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Б. Ғафуров мулоқот анҷом дод.
Тавре ки сардори маркази иттилоот ва таҳлили Раёсати донишгоҳ Маъмури Юсуфзод иттилоъ дод, зимни мулоқот Фан Сянжун арз дошт, ки ҳарчанд бори аввал аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздид ба амал меорад, вале бо ин тадрисгоҳи бузурги кишвари Тоҷикистон қаблан низ ғоибона ошноӣ дошт. Ва ин сафараш низ бо назардошти мақом ва эътибори донишгоҳ дар байни дигар муассисаҳои олии кишвар сурат мегирад. Мавсуф зикр намуд, ки Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ворид шуда, ҳиссаи он дар сармоягузории хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар баробар ба 40% аст. Ҳар сол теъдоди донишҷӯёне, ки дар Чин таҳсили илм мекунанд, рӯ ба афзоиш мениҳад. Соли гузашта, баҳри қабули ройгони донишҷӯёни тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар 30 бурсияи (квотаи) иловагӣ ҷудо карда шуд.
Сафир гуфт, ки Ҷумҳурии мардумии Чин дар 400 минтақаи ҷаҳон марказҳои Конфутсий ташкил намудааст ва ин марказҳо ба хотири омӯзиши забон ва фарҳанги чинӣ таъсис дода мешаванд. Дар Тоҷикистон танҳо дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чунин марказ амал мекунад ва онҳо нияти ташкили маркази Конфутсийро дар назди ДДХ фоли нек медонанд. Ин марказ имконият медиҳад, ки хонандагону донишҷӯёну олимон дар баробари омӯзиши забони чинӣ бо фарҳангу оини ин халқи қадимӣ низ ошноӣ пайдо намоянд.
Донишгоҳ ягона маҳзани илм дар шимоли кишвар буда, дар баробари тайёр намудани кадрҳои омӯзгорӣ, ҳамчунин ихтисосҳои нави тамоюли иқтисодӣ, иҷтимоӣ, техникии ҷавобгӯ ба талаботи замонаро ба дараҷаи баланд омода менамояд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории минбаъда густариш ёфта, табодули таҷрибаҳои донишгоҳ бо муассисаҳои таълимии олии кишвари Чин ба роҳ монда мешавад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун аз роҳбарияти донишгоҳ даъват ба амал овард, ки аз Сафоратхонаи Чин дар Тоҷикистон боздид намоянд. Ин даъват бо хушнудӣ қабул карда шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






