Боздошти Неъматҷон бо 9 кило маводи нашъадор

Апрель 18, 2014 14:54

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-  Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванд Неъматҷон Неъматуллоеви 27-соларо дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 9 килою 480 грамм маводи нашъадори афюн ва 6 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуд.
Инчунин дар ҳудуди ноҳияи Турсунзода шаҳрванд Сӯҳроб Қурбонов, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Шаҳринав дастгир шуд, ки ҳангоми кофтукови манзили истиқоматиаш 354 грамм маводи нашъадори ҳашиш ва 2,22 грамм маводи нашъадори афюн мусодира шуд.   
Дар маҷмӯъ, маводи дарёфтшуда   9 килою 842 граммро ташкил дод.
Нисбат ба ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
 

Апрель 18, 2014 14:54

Хабарҳои дигари ин бахш