Бозгашти варзишгарони кишвар бо чаҳор нишон
Душанбе, 28.04.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Рўзҳои 24-27-уми апрели соли равон дар шаҳри Атирауи Қазоқистон чемпионати Осиё оид ба панкратион баргузор гардид, ки дар он 7 варзишгари тоҷик таҳти роҳбарии Аҳтам Хокиров, Президенти Лигаи самбои муҳорибавӣ ва муҳорибаҳои омехта ширкат намуданд.
Миёни кишварҳои иштирокдошта, аз қабили Ҷопон, Афғонистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Туркманистон, Эрон варзишгарони Тоҷикистон ба гирифтани 4 медали тилло, 2 нуқра ва 1 медали биринҷӣ мушарраф гардиданд.
Барандагони медали тилло аз кишвар Муин Ғаффуров дар вазни 66 кг, Абдулло Асланов дар вазни 77 кг, Солеҳ Ҳасанов дар вазни 92 кг, Худойдод Раҳмонов дар вазни +100 кг мебошанд ва Аъзами Ҳамзиддин ва Исломҷони Ализода -ҳарду барандаи медали нуқра гардида, Ҷаҳонгир Тоиров едали биринҷии ин мусобиқаро ба даст овард.
Гуфта мешавад, ки чемпионати мазкур бо ташаббуси Федератсияи байналмилии варзишии FILA доир шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






