Бозёфти тангаҳои қадимӣ дар Суғд
Хуҷанд, 7.04.2014. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).- Осорхонаи таърихиву кишваршиносии вилоятии Суғд соҳиби тангаҳои қадимӣ хоҳад шуд. Тавре ки мудири шуъбаи таърихию кишваршиносии осорхонаи вилояти Суғд Икром Турсунов иттилоъ дод, як сокини деҳаи Қалъаи манори ноҳияи Истаравшан Холбек Юлдошев бо мақсади бунёди хона, ҳангоми ҳамвор намудани замини наздиҳавлигиаш бо ашёи аҷиб — кӯзаи пур аз танга рӯ ба рӯ шуд. Вақти кофтан, мутаассифона, кӯзаи гилӣ шикастааст, вале тангаҳо беосеб мондаанд.Шумораи ин тангаҳо 1459 адад буда, онҳо асосан сиккаҳои мисин бо навиштаҷоти арабӣ буд, ки вазни ҳар як танга 3,5 гр мебошад. Ҳоло тангаҳо пурра омӯхта нашудаанд ва масъулин гуфта наметавонанд, ки онҳо ба кадом аср тааллуқ доранд. Онҳо бисёр фарсуда буда, тахмин аст шояд ба асрҳои 14 ва 16-и мелодӣ тааллуқ дошта бошанд.
Ба гуфти масъулин,тангаҳо барҳақ қадимӣ буда, баъд аз гузаштани ташхис ва аз соҳиби он харидорӣ шудан, онҳо низ дар қатори сиккаҳои дигар дар осорхонаи вилоятӣ ҷой хоҳанд гирифт.
Соли гузашта низ маъмурияти осорхона 26 адад тангаи мисинро харида буд. Алҳол дар фонди осорхонаи вилоятӣ зиёда аз 15 ҳазор нигораи гуногун ва беш аз 4,5 ҳазор тангаи қадимӣ мавҷуд аст, ки аз он 15-тоаш тиллоӣ буда, боқимонда сиккаҳо мисин, нуқрагин ва биринҷианд ва ба давраҳои Кӯшониёну Сомониён, Шайбониену Қарахониён мансубанд.
Бояд гуфт, ки соли 2006 дар шаҳри Хуҷанд, зимни кофтани майдони назди бозори Панҷшанбе, сокинон 4 адад тангаи тиллоии давраи императории Русияро ёфта, дар ихтиёри осорхонаи вилоятӣ гузоштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






