Бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Оби Тира

Апрель 4, 2014 15:29

Душанбе, 04.042014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Имрӯз гурӯҳ оид ба робита бо маъмурияти шаҳрвандӣ ва аҳолии назди сафорати ИМА бунгоҳи тиббии навсохтро барои бошандагони деҳаи Оби Тираи ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дод. 
  Муассисаи тиббии мазкур имконият медиҳад, ки ба аҳолии яке аз деҳаҳои дурдасти ҷамоати Саричашма ёрии аввалини тиббӣ расонида шавад.  
Тавре ки дар ин бора аз Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, бунгоҳи мазкур аз ҳисоби «Барномаи кӯмаки башардӯстона барои давлатҳои хориҷӣ дар ҳолатҳои офатҳои табиӣ ва дастгирии аҳолии ғайринизомӣ» сохта шудааст.  
Деҳаи Оби Тира ва дигар деҳаҳои атрофи он бо сабаби доштани роҳҳои душворгузари кӯҳӣ, хусусан дар зимистон дар бумбаст қарор мегирад, ки ба гуфтаи яке аз сокини деҳаи номбаршуда, бунгоҳи тиббӣ на танҳо ба 102 хонаводаи деҳаи Оби Тира, балки ба чаҳор деҳаи  атрофи он низ хизмат хоҳад расонд.  
 
 
 
 

Апрель 4, 2014 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш