Бунёди 50 ҳазор гектар боғу токзори нав
Душанбе, 24.04.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дар доираи иҷрои Фармони Президенти кишвар “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014” то имрӯз қариб 50 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, беш аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст.Бо назардошти он, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат имкониятҳои мусоид барои ташкили боғу токзори нав ҳанӯз зиёданд, дирӯз Сарвари Давлат зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат ба Ҳукумати кишвар супориш дод, ки то моҳи сентябри соли ҷорӣ Барномаи нави рушди боғу токпарвариро барои даҳ соли оянда таҳия намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






