Бунёди корхонаи орд дар Шуғнон
Шуғнон, 28.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар деҳаи Манеми ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сохтмони корхонаи истеҳсоли орд идома дорад. Бинокорон мегӯянд, ки агар дар таъмини масолеҳи сохтмонӣ таъхир нашавад, ин иншоотро баъди як моҳ ба истифода хоҳанд дод.
Масъулини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориёно Сорво», ки бунёди ин иншоотро ба зимма доранд, мегӯянд, ки бо мақсади мусоидат намудан дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар деҳаи Манем ба сохтмони корхонаи истеҳоли орд оғоз карданд. Иктидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як шабонарӯз бештар аз 60 тоннаро ташкил медиҳад. Алъон 22 нафар коргар ба сохтмон ҷалб шуда ва барои кори муътадили онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст ва то ин дам ба маблағи яку ним миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин коргоҳ бештар аз 20 нафар сокини махалӣ соҳиби кори доимӣ мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






