Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол оғоз гардид

Апрель 14, 2014 15:51

Душанбе, 14.04.2014(АМИТ«Ховар»).-12 апрел чемпионати навбатии 23-юми Тоҷикистон оид ба футбол миёни  дастаҳои  лигаи олӣ оғоз гардид.
 
Тавре аз Федератсияи футболи кишвар иттилоъ доданд, дар кушодашавии мусобиқа дебютанти лигаи олии «Далерони»-и Истаравшан дар майдони худ дастаи «Энергетик»- и пойтахтро ба ҳузур пазируфт. Бозӣ бо ҳисоби — 1:1 хотима ёфт. Дар бозии дигари «Истиқлол»- и Душанбе  дар Майдони марказии ҷумҳуриявӣ се хол ба даст оварда, дар қувваозмоӣ бо «Регар-ТадАЗ» -и Турсунзода бо ҳисоби 1:0 ғолиб баромад.
 
13 апрел , дар бозии  дуюми  даври  якуми мусобиқа «Хайр»-и Ваҳдат бо шарофати Мирзобек Мирзоев бозиро мусовӣ бо ЦСКА «Помир» — 2:2 анҷом дод. «Хуҷанд» дар майдони худ дар лаҳзаҳои охирини вохӯрӣ бо «Вахш»-и Қурғонтеппа ғолибиятро ба даст овард.
 
 

Апрель 14, 2014 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш